Select reciter
Тоҷикӣ
Surah Ash-Shams ( The Sun ) - Aya count 15
وَالشَّمْسِ وَضُحَاهَا
( 1 ) Савганд ба офтоб ва равшаниаш ба ҳангоми чошт
وَالْقَمَرِ إِذَا تَلَاهَا
( 2 ) ва савганд ба моҳ чун аз паи он барояд
وَالنَّهَارِ إِذَا جَلَّاهَا
( 3 ) ва савганд, ба рӯз, чун дунёро равшан кунад
وَاللَّيْلِ إِذَا يَغْشَاهَا
( 4 ) ва савганд ба шаб, чун рӯзро бипушад
وَالسَّمَاءِ وَمَا بَنَاهَا
( 5 ) ва савганд ба осмону он ки онро бино карда
وَالْأَرْضِ وَمَا طَحَاهَا
( 6 ) ва савганд ба замину он ки онро бигустурда
وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا
( 7 ) ва савганд, ба нафсу он ки некӯяш биёфарида,
فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا
( 8 ) сипас бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ илҳом карда,
قَدْ أَفْلَحَ مَن زَكَّاهَا
( 9 ) ки ҳар ки дар покии нафс кӯшид, наҷот ёфт
وَقَدْ خَابَ مَن دَسَّاهَا
( 10 ) ва ҳар кӣ дар палидиаш кӯшид, зиён кард.
كَذَّبَتْ ثَمُودُ بِطَغْوَاهَا
( 11 ) Қавми Самуд аз рӯи саркашӣ дурӯғ бароварданд.
إِذِ انبَعَثَ أَشْقَاهَا
( 12 ) Он гоҳ ки бадбахттаринашон бархост.
فَقَالَ لَهُمْ رَسُولُ اللَّهِ نَاقَةَ اللَّهِ وَسُقْيَاهَا
( 13 ) Паёмбари Худо ба онҳо гуфт, ки модашутури Худрро бо навбати оби ӯро бигузоред!
فَكَذَّبُوهُ فَعَقَرُوهَا فَدَمْدَمَ عَلَيْهِمْ رَبُّهُم بِذَنبِهِمْ فَسَوَّاهَا
( 14 ) Ӯро дурӯғ бароварданд ва шутурро куштанд. Пас Парвардигорашои ба сабаби гуноҳашод бар сарашон азоб овард ва бо хок яксон сохт.
وَلَا يَخَافُ عُقْبَاهَا
( 15 ) Ва Ӯ аз оқибати он наметарсад.