Тоҷикӣ
Surah Al-Fajr ( The Dawn ) - Aya count 30
وَالْفَجْرِ
( 1 ) Савганд ба сапедаи субҳ
وَلَيَالٍ عَشْرٍ
( 2 ) ва савганд ба шабҳои даҳгона (даҳ шаби Зулҳиҷҷа)
وَالشَّفْعِ وَالْوَتْرِ
( 3 ) ва савганд ба ҷуфту тоқ
وَاللَّيْلِ إِذَا يَسْرِ
( 4 ) ва савганд ба шаб, чун рӯй ба рафтан ниҳад.
هَلْ فِي ذَٰلِكَ قَسَمٌ لِّذِي حِجْرٍ
( 5 ) Оё дар ин зикркардашудаҳо хирадмандро савгандҳои кофист?
أَلَمْ تَرَ كَيْفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِعَادٍ
( 6 ) Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард?
إِرَمَ ذَاتِ الْعِمَادِ
( 7 ) Бо Ирам, ки сутунҳо дошт?
الَّتِي لَمْ يُخْلَقْ مِثْلُهَا فِي الْبِلَادِ
( 8 ) Ва монанди он дар ҳеҷ шаҳре офарида нашуда буд.
وَثَمُودَ الَّذِينَ جَابُوا الصَّخْرَ بِالْوَادِ
( 9 ) Ва қавми Самуд, ки дар он водӣ сангро мебуриданд.
وَفِرْعَوْنَ ذِي الْأَوْتَادِ
( 10 ) Ва қавми Фиръавн, он дорандаи мехҳо,
الَّذِينَ طَغَوْا فِي الْبِلَادِ
( 11 ) онҳо дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд
فَأَكْثَرُوا فِيهَا الْفَسَادَ
( 12 ) ва дар онҳо бисёр фасод карданд.
فَصَبَّ عَلَيْهِمْ رَبُّكَ سَوْطَ عَذَابٍ
( 13 ) Ва Парвардигори ту тозиёнаи азобро бар сарашон фуруд овард.
إِنَّ رَبَّكَ لَبِالْمِرْصَادِ
( 14 ) Зеро Парвардигорат дар камингоҳ аст.
فَأَمَّا الْإِنسَانُ إِذَا مَا ابْتَلَاهُ رَبُّهُ فَأَكْرَمَهُ وَنَعَّمَهُ فَيَقُولُ رَبِّي أَكْرَمَنِ
( 15 ) Аммо одамӣ, чута Парвардигораш биёзмояд ва гиромиаш дорад ва неъматаш диҳад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро гиромӣ дошт».
وَأَمَّا إِذَا مَا ابْتَلَاهُ فَقَدَرَ عَلَيْهِ رِزْقَهُ فَيَقُولُ رَبِّي أَهَانَنِ
( 16 ) Ва чун биёзмоядаш ва ризқ бар ӯ танг гирад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро хор сохт».
كَلَّا ۖ بَل لَّا تُكْرِمُونَ الْيَتِيمَ
( 17 ) На чунон аст. Шумо ятимро гиромӣ намедоред
وَلَا تَحَاضُّونَ عَلَىٰ طَعَامِ الْمِسْكِينِ
( 18 ) ва якдигарро ба таъом додани мискиш тарғиб намекунед
وَتَأْكُلُونَ التُّرَاثَ أَكْلًا لَّمًّا
( 19 ) ва меросро ҳарисона мехӯред
وَتُحِبُّونَ الْمَالَ حُبًّا جَمًّا
( 20 ) ва молро фаровон дӯст доред.
كَلَّا إِذَا دُكَّتِ الْأَرْضُ دَكًّا دَكًّا
( 21 ) Оре, чун замин шикаста шавад ва шикаста шавад
وَجَاءَ رَبُّكَ وَالْمَلَكُ صَفًّا صَفًّا
( 22 ) ва амри Парвардигори ту фаро расад ва фариштагон саф дар саф шаванд
وَجِيءَ يَوْمَئِذٍ بِجَهَنَّمَ ۚ يَوْمَئِذٍ يَتَذَكَّرُ الْإِنسَانُ وَأَنَّىٰ لَهُ الذِّكْرَىٰ
( 23 ) ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд, одамӣ панд гирад. Ва чӣ ҷои панд гирифтан бошад?
يَقُولُ يَا لَيْتَنِي قَدَّمْتُ لِحَيَاتِي
( 24 ) Мегӯяд: «Эй кош ки барои ҳаёти ҷовидонаи худ пешопеш чизе мефиристодам».
فَيَوْمَئِذٍ لَّا يُعَذِّبُ عَذَابَهُ أَحَدٌ
( 25 ) Дар он рӯз касе чун азоби ӯ азоб накунад
وَلَا يُوثِقُ وَثَاقَهُ أَحَدٌ
( 26 ) ва монанди занҷири ӯ ба занҷир накашад.
يَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ
( 27 ) Эй рӯҳи оромишёфта,
ارْجِعِي إِلَىٰ رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةً
( 28 ) хушнуду писандида ба сӯи Парвардигорат бозгард
فَادْخُلِي فِي عِبَادِي
( 29 ) ва дар зумраи бандагони Ман дохил шав
وَادْخُلِي جَنَّتِي
( 30 ) ва ба биҳишти Ман дарой!