Тоҷикӣ
Surah An-Nazi'at ( Those who Pull Out ) - Aya count 46
وَالنَّازِعَاتِ غَرْقًا
( 1 ) Савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои кофиронро) ба сахтӣ мегиранд
وَالنَّاشِطَاتِ نَشْطًا
( 2 ) ва савганд ба фариштагоне, ки чонҳоро (ҷонҳои муъминонро) ба осонӣ мегиранд
وَالسَّابِحَاتِ سَبْحًا
( 3 ) ва савганд ба фариштагоне, ки шиноваранд
فَالسَّابِقَاتِ سَبْقًا
( 4 ) ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар пешӣ мегиранд (дар боло бурдани ҷонҳои мӯъминон)
فَالْمُدَبِّرَاتِ أَمْرًا
( 5 ) ва савганд ба онҳо, ки тадбири корҳо мекунанд,
يَوْمَ تَرْجُفُ الرَّاجِفَةُ
( 6 ) ки он рӯз, ки нахустин нафхаи қиёмат (дамидани дар сур) заминро биларзонад
تَتْبَعُهَا الرَّادِفَةُ
( 7 ) ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд,
قُلُوبٌ يَوْمَئِذٍ وَاجِفَةٌ
( 8 ) дар он рӯз дилҳое дар ҳарос бошанд
أَبْصَارُهَا خَاشِعَةٌ
( 9 ) ва нишони хушӯъ (хорӣ) дар дидагон намоён!
يَقُولُونَ أَإِنَّا لَمَرْدُودُونَ فِي الْحَافِرَةِ
( 10 ) Мегӯянд: «Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем,
أَإِذَا كُنَّا عِظَامًا نَّخِرَةً
( 11 ) он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?»
قَالُوا تِلْكَ إِذًا كَرَّةٌ خَاسِرَةٌ
( 12 ) Гӯянд: «Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар!
فَإِنَّمَا هِيَ زَجْرَةٌ وَاحِدَةٌ
( 13 ) Фақат ин аст, ки танҳо як бонг бармеояд.
فَإِذَا هُم بِالسَّاهِرَةِ
( 14 ) ва онҳо худро дар он саҳро хоҳанд ёфт.
هَلْ أَتَاكَ حَدِيثُ مُوسَىٰ
( 15 ) Оё достони Мӯсо ба ту расидааст?
إِذْ نَادَاهُ رَبُّهُ بِالْوَادِ الْمُقَدَّسِ طُوًى
( 16 ) Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво нидо дод:
اذْهَبْ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغَىٰ
( 17 ) «Ба сӯи Фиръавн бирав, ки аз ҳад гузаштааст.
فَقُلْ هَل لَّكَ إِلَىٰ أَن تَزَكَّىٰ
( 18 ) Бигӯ: «Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ,
وَأَهْدِيَكَ إِلَىٰ رَبِّكَ فَتَخْشَىٰ
( 19 ) ва ман туро ба Парвардигорат роҳ бинамоям ва ту битарсӣ (аз Ӯ)?»
فَأَرَاهُ الْآيَةَ الْكُبْرَىٰ
( 20 ) Пас он ояти бузургро ба ӯ нишон дод.
فَكَذَّبَ وَعَصَىٰ
( 21 ) Ва ӯ дурӯғ бароварду нофармонӣ кард.
ثُمَّ أَدْبَرَ يَسْعَىٰ
( 22 ) Сипас пушт гардонду мешитофт.
فَحَشَرَ فَنَادَىٰ
( 23 ) Пас ҳамаро ҷамъ кард ва нидо дод.
فَقَالَ أَنَا رَبُّكُمُ الْأَعْلَىٰ
( 24 ) ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам!»
فَأَخَذَهُ اللَّهُ نَكَالَ الْآخِرَةِ وَالْأُولَىٰ
( 25 ) Худояш ба аозби охирату дунё гирифтор кард.
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبْرَةً لِّمَن يَخْشَىٰ
( 26 ) Дар ин ибратест барои, касе, ки метарсад!
أَأَنتُمْ أَشَدُّ خَلْقًا أَمِ السَّمَاءُ ۚ بَنَاهَا
( 27 ) Оё шумо ба офариниш сахттаред, ё ин осмоне, ки Ӯ бино кардааст?
رَفَعَ سَمْكَهَا فَسَوَّاهَا
( 28 ) Сақфашро барафрошт ва дуруст кард,
وَأَغْطَشَ لَيْلَهَا وَأَخْرَجَ ضُحَاهَا
( 29 ) шабашро торик кард ва рӯшноияшро ошкор сохт
وَالْأَرْضَ بَعْدَ ذَٰلِكَ دَحَاهَا
( 30 ) ва пас аз он заминро бигустурд (паҳн кард)
أَخْرَجَ مِنْهَا مَاءَهَا وَمَرْعَاهَا
( 31 ) ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард
وَالْجِبَالَ أَرْسَاهَا
( 32 ) ва кӯҳҳоро устувор гардонид
مَتَاعًا لَّكُمْ وَلِأَنْعَامِكُمْ
( 33 ) барои баҳрагирии шумо ва чорпоёнатон.
فَإِذَا جَاءَتِ الطَّامَّةُ الْكُبْرَىٰ
( 34 ) Чун он ҳодисаи бузург даррасад,
يَوْمَ يَتَذَكَّرُ الْإِنسَانُ مَا سَعَىٰ
( 35 ) рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро ба ёд оварад
وَبُرِّزَتِ الْجَحِيمُ لِمَن يَرَىٰ
( 36 ) ва ҷаҳаннамро ба ҳар кӣ мебинад нишон диҳанд,
فَأَمَّا مَن طَغَىٰ
( 37 ) Пас ҳар кй аз ҳад гузашта бошад (дар куфру исён)
وَآثَرَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا
( 38 ) ва зиндагии инҷаҳонро ихтиёр карда бошад,
فَإِنَّ الْجَحِيمَ هِيَ الْمَأْوَىٰ
( 39 ) ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст.
وَأَمَّا مَنْ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِ وَنَهَى النَّفْسَ عَنِ الْهَوَىٰ
( 40 ) Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида ва нафсро аз ҳаво (ва ҳавас) боздошта бошад,
فَإِنَّ الْجَنَّةَ هِيَ الْمَأْوَىٰ
( 41 ) биҳишт ҷойгоҳи ӯст.
يَسْأَلُونَكَ عَنِ السَّاعَةِ أَيَّانَ مُرْسَاهَا
( 42 ) Туро аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад.
فِيمَ أَنتَ مِن ذِكْرَاهَا
( 43 ) Аз ёд кардани (илми) он туро чӣ кор аст?
إِلَىٰ رَبِّكَ مُنتَهَاهَا
( 44 ) Интиҳои илми он назди Парвардигори туст.
إِنَّمَا أَنتَ مُنذِرُ مَن يَخْشَاهَا
( 45 ) Фақат ва фақат ту касонеро, ки аз он рӯз битарсанд, бим медиҳӣ.
كَأَنَّهُمْ يَوْمَ يَرَوْنَهَا لَمْ يَلْبَثُوا إِلَّا عَشِيَّةً أَوْ ضُحَاهَا
( 46 ) Чун онро бубинанд, пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд.