Тоҷикӣ
Surah Al-Mursalat ( Those sent forth ) - Aya count 50
وَالْمُرْسَلَاتِ عُرْفًا
( 1 ) Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд
فَالْعَاصِفَاتِ عَصْفًا
( 2 ) ва савганд ба бодҳои сахти вазанда
وَالنَّاشِرَاتِ نَشْرًا
( 3 ) ва савганд ба бодҳои бороновар
فَالْفَارِقَاتِ فَرْقًا
( 4 ) ва савганд ба онҳо, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунанд
فَالْمُلْقِيَاتِ ذِكْرًا
( 5 ) ва савганд ба онҳо, ки ваҳйи Худоро мефароранд,
عُذْرًا أَوْ نُذْرًا
( 6 ) дафъ кардани узрро ё бим карданро,
إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَاقِعٌ
( 7 ) ки он чӣ ба шумо ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд!
فَإِذَا النُّجُومُ طُمِسَتْ
( 8 ) Пас он гоҳ ки ситорагон хомуш шаванд
وَإِذَا السَّمَاءُ فُرِجَتْ
( 9 ) ва он гоҳ ки осмон бишикофад,
وَإِذَا الْجِبَالُ نُسِفَتْ
( 10 ) ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд
وَإِذَا الرُّسُلُ أُقِّتَتْ
( 11 ) ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад.
لِأَيِّ يَوْمٍ أُجِّلَتْ
( 12 ) Барои чӣ рӯзе муъайян шавад?
لِيَوْمِ الْفَصْلِ
( 13 ) Барои рӯзи фасл.
وَمَا أَدْرَاكَ مَا يَوْمُ الْفَصْلِ
( 14 ) Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл чист?
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
( 15 ) Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон)!
أَلَمْ نُهْلِكِ الْأَوَّلِينَ
( 16 ) Оё аввалиёнро ҳалок накардаем
ثُمَّ نُتْبِعُهُمُ الْآخِرِينَ
( 17 ) ва охириёнро низ аз паи онҳо намебарем?
كَذَٰلِكَ نَفْعَلُ بِالْمُجْرِمِينَ
( 18 ) Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем.
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
( 19 ) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
أَلَمْ نَخْلُقكُّم مِّن مَّاءٍ مَّهِينٍ
( 20 ) Оё шуморо аз обе пасту бемиқдор наёфаридаем?
فَجَعَلْنَاهُ فِي قَرَارٍ مَّكِينٍ
( 21 ) Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем,
إِلَىٰ قَدَرٍ مَّعْلُومٍ
( 22 ) то замоне муъайян?
فَقَدَرْنَا فَنِعْمَ الْقَادِرُونَ
( 23 ) Пас Мо тавоно будем ва нек тавоно будем!
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
( 24 ) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
أَلَمْ نَجْعَلِ الْأَرْضَ كِفَاتًا
( 25 ) Оё заминро ҷойгоҳе насохтем
أَحْيَاءً وَأَمْوَاتًا
( 26 ) барои зиндагону мурдагон?
وَجَعَلْنَا فِيهَا رَوَاسِيَ شَامِخَاتٍ وَأَسْقَيْنَاكُم مَّاءً فُرَاتًا
( 27 ) Дар он кӯҳҳои баланд падид овардем ва аз обе гуворо серобатон сохтем.
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
( 28 ) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
انطَلِقُوا إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِ تُكَذِّبُونَ
( 29 ) Ба сӯи он чӣ дурӯғаш мешумурдед, ба роҳ дароед.
انطَلِقُوا إِلَىٰ ظِلٍّ ذِي ثَلَاثِ شُعَبٍ
( 30 ) Ба сӯи он дуди сешуъба (се қисм) ба роҳ афтед,
لَّا ظَلِيلٍ وَلَا يُغْنِي مِنَ اللَّهَبِ
( 31 ) ки на аз осебатон нигаҳ дорад ва на дафъи од шӯъла кунад,
إِنَّهَا تَرْمِي بِشَرَرٍ كَالْقَصْرِ
( 32 ) Ва ҷаҳаннам шарораҳое мепартояд ҳар як ба баландии қасре азим,
كَأَنَّهُ جِمَالَتٌ صُفْرٌ
( 33 ) гӯӣ, ки уштуроне зард бошанд.
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
( 34 ) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
هَٰذَا يَوْمُ لَا يَنطِقُونَ
( 35 ) Ин рӯзест, ки кас сухан нагӯяд.
وَلَا يُؤْذَنُ لَهُمْ فَيَعْتَذِرُونَ
( 36 ) Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд.
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
( 37 ) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
هَٰذَا يَوْمُ الْفَصْلِ ۖ جَمَعْنَاكُمْ وَالْأَوَّلِينَ
( 38 ) Ин рӯз рӯзи фасл аст, ки шумо ва пешиниёнатонро гирд меоварем.
فَإِن كَانَ لَكُمْ كَيْدٌ فَكِيدُونِ
( 39 ) Пас агар ҳилае доред, ба кор баред.
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
( 40 ) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي ظِلَالٍ وَعُيُونٍ
( 41 ) Парҳезгорон дар сояҳову канори чашмасоронанд,
وَفَوَاكِهَ مِمَّا يَشْتَهُونَ
( 42 ) бо ҳар мевае, ки орзу кунанд,
كُلُوا وَاشْرَبُوا هَنِيئًا بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
( 43 ) Ба мукофоти корҳое, ки мекардаед, бихӯреду биёшомед, шуморо гуворо бод,
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ
( 44 ) Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем!
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
( 45 ) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
كُلُوا وَتَمَتَّعُوا قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجْرِمُونَ
( 46 ) Бихӯреду андак баҳрае баргиред (дар дунё), ки шумо гунаҳкоронед,
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
( 47 ) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ارْكَعُوا لَا يَرْكَعُونَ
( 48 ) Ва чун гӯяндашон, ки руқӯъ кунед, руқӯъ намекунанд (намоз намехонанд).
وَيْلٌ يَوْمَئِذٍ لِّلْمُكَذِّبِينَ
( 49 ) Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон!
فَبِأَيِّ حَدِيثٍ بَعْدَهُ يُؤْمِنُونَ
( 50 ) Пас аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд?