Тоҷикӣ
Surah Al-Haaqqah ( The Inevitable ) - Aya count 52
الْحَاقَّةُ
( 1 ) Он рӯзи барҳақ!
مَا الْحَاقَّةُ
( 2 ) Чист он рӯзи барҳақ?
وَمَا أَدْرَاكَ مَا الْحَاقَّةُ
( 3 ) Ва чӣ донӣ, ки он рӯзи барҳақ чист?
كَذَّبَتْ ثَمُودُ وَعَادٌ بِالْقَارِعَةِ
( 4 ) Қавми Самуду Од рӯзи қиёматро дурӯғ бароварданд.
فَأَمَّا ثَمُودُ فَأُهْلِكُوا بِالطَّاغِيَةِ
( 5 ) Аммо қавми Самуд ба он бонги сахт ҳалок шуданд.
وَأَمَّا عَادٌ فَأُهْلِكُوا بِرِيحٍ صَرْصَرٍ عَاتِيَةٍ
( 6 ) Ва аммо қавми Од бо вазиши боли сар-сяр (сахт) ба ҳалокат расиданд.
سَخَّرَهَا عَلَيْهِمْ سَبْعَ لَيَالٍ وَثَمَانِيَةَ أَيَّامٍ حُسُومًا فَتَرَى الْقَوْمَ فِيهَا صَرْعَىٰ كَأَنَّهُمْ أَعْجَازُ نَخْلٍ خَاوِيَةٍ
( 7 ) Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод. Он қавмро чун танаҳои пӯсидаи хурмо медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд,.
فَهَلْ تَرَىٰ لَهُم مِّن بَاقِيَةٍ
( 8 ) Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад?
وَجَاءَ فِرْعَوْنُ وَمَن قَبْلَهُ وَالْمُؤْتَفِكَاتُ بِالْخَاطِئَةِ
( 9 ) Ва Фиръявну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд ва низ мардуми Мӯътафиқа гунаҳкор омаданд,
فَعَصَوْا رَسُولَ رَبِّهِمْ فَأَخَذَهُمْ أَخْذَةً رَّابِيَةً
( 10 ) Фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд ва Худо низ ононро ба сахтӣ фуру гирифт,
إِنَّا لَمَّا طَغَى الْمَاءُ حَمَلْنَاكُمْ فِي الْجَارِيَةِ
( 11 ) Чун об туғён кард, шуморо ба киштӣ савор кардем,
لِنَجْعَلَهَا لَكُمْ تَذْكِرَةً وَتَعِيَهَا أُذُنٌ وَاعِيَةٌ
( 12 ) то онро мояи пандатон гардонем ва гӯшнигаҳдорандаи панд онро фаро гирад.
فَإِذَا نُفِخَ فِي الصُّورِ نَفْخَةٌ وَاحِدَةٌ
( 13 ) Чун як бор дар сур дамида шавая
وَحُمِلَتِ الْأَرْضُ وَالْجِبَالُ فَدُكَّتَا دَكَّةً وَاحِدَةً
( 14 ) ва замину кӯҳҳоро баргиранд ва якбора дар ҳам кӯбанд,
فَيَوْمَئِذٍ وَقَعَتِ الْوَاقِعَةُ
( 15 ) он рӯз он ҳодиса ба вуқӯъ пайваста бошад
وَانشَقَّتِ السَّمَاءُ فَهِيَ يَوْمَئِذٍ وَاهِيَةٌ
( 16 ) ва осмон, ки дар он рӯз суст шудааст, бишикофад.
وَالْمَلَكُ عَلَىٰ أَرْجَائِهَا ۚ وَيَحْمِلُ عَرْشَ رَبِّكَ فَوْقَهُمْ يَوْمَئِذٍ ثَمَانِيَةٌ
( 17 ) Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо арши Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд.
يَوْمَئِذٍ تُعْرَضُونَ لَا تَخْفَىٰ مِنكُمْ خَافِيَةٌ
( 18 ) Он рӯз шуморо пеш оваранд ва ҳеҷ чизи шумо ниҳон намонад.
فَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ بِيَمِينِهِ فَيَقُولُ هَاؤُمُ اقْرَءُوا كِتَابِيَهْ
( 19 ) Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: «Ном'аи маро бигиреду бихонед.
إِنِّي ظَنَنتُ أَنِّي مُلَاقٍ حِسَابِيَهْ
( 20 ) Ман яқин доштам, ки ҳисоби худро хоҳам дид».
فَهُوَ فِي عِيشَةٍ رَّاضِيَةٍ
( 21 ) Пас ӯ дар як зиндагии писандидаву хуш хоҳад буд
فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٍ
( 22 ) дар биҳиште олӣ,
قُطُوفُهَا دَانِيَةٌ
( 23 ) ки меваҳояш наздикшаванда бошад.
كُلُوا وَاشْرَبُوا هَنِيئًا بِمَا أَسْلَفْتُمْ فِي الْأَيَّامِ الْخَالِيَةِ
( 24 ) Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти амалҳоест, ки дар айёми гузашта ба ҷой меовардаед!»
وَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ بِشِمَالِهِ فَيَقُولُ يَا لَيْتَنِي لَمْ أُوتَ كِتَابِيَهْ
( 25 ) Аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, мегӯяд: «Эй кош,, номаи маро ба дасти ман намедоданд
وَلَمْ أَدْرِ مَا حِسَابِيَهْ
( 26 ) ва надониста будам, ки ҳисоби ман чист!
يَا لَيْتَهَا كَانَتِ الْقَاضِيَةَ
( 27 ) Эй кош, ҳамон марг мебуду бас!
مَا أَغْنَىٰ عَنِّي مَالِيَهْ ۜ
( 28 ) Дороии ман маро фоида набахшид,
هَلَكَ عَنِّي سُلْطَانِيَهْ
( 29 ) қудрати ман аз дасти ман бирафт!»
خُذُوهُ فَغُلُّوهُ
( 30 ) «Бигиредаш, занҷираш кунед!
ثُمَّ الْجَحِيمَ صَلُّوهُ
( 31 ) Ва ба ҷаҳаннамаш дараред!
ثُمَّ فِي سِلْسِلَةٍ ذَرْعُهَا سَبْعُونَ ذِرَاعًا فَاسْلُكُوهُ
( 32 ) Ва ӯро бо занҷире ба дарозии ҳафтод зироъ (аз оринҷ то ангушт) бикашед!
إِنَّهُ كَانَ لَا يُؤْمِنُ بِاللَّهِ الْعَظِيمِ
( 33 ) Зеро ба Худои бузург имон надошт
وَلَا يَحُضُّ عَلَىٰ طَعَامِ الْمِسْكِينِ
( 34 ) ва ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард.
فَلَيْسَ لَهُ الْيَوْمَ هَاهُنَا حَمِيمٌ
( 35 ) Дар он рӯз дар он ҷо ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт.
وَلَا طَعَامٌ إِلَّا مِنْ غِسْلِينٍ
( 36 ) Таъомаш чизе ғайри чирку хуни аҳли дӯзах нест,
لَّا يَأْكُلُهُ إِلَّا الْخَاطِئُونَ
( 37 ) Танҳо хатокорон аз он таъом мехӯранд,
فَلَا أُقْسِمُ بِمَا تُبْصِرُونَ
( 38 ) Пас савганд ба он чи мебинед
وَمَا لَا تُبْصِرُونَ
( 39 ) ва он чӣ намебинед,
إِنَّهُ لَقَوْلُ رَسُولٍ كَرِيمٍ
( 40 ) ки ин сухани фиристодае бузургвор аст,
وَمَا هُوَ بِقَوْلِ شَاعِرٍ ۚ قَلِيلًا مَّا تُؤْمِنُونَ
( 41 ) на сухани шоире. Чӣ андак имон меоварад!
وَلَا بِقَوْلِ كَاهِنٍ ۚ قَلِيلًا مَّا تَذَكَّرُونَ
( 42 ) Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред!
تَنزِيلٌ مِّن رَّبِّ الْعَالَمِينَ
( 43 ) Аз ҷониби Парвардигри ҷаҳониён нозил шуда аст.
وَلَوْ تَقَوَّلَ عَلَيْنَا بَعْضَ الْأَقَاوِيلِ
( 44 ) Агар паёмбар баъзе суханонро бофта бар мо мебаст, («аз ҷониби худост» — мегуфт).
لَأَخَذْنَا مِنْهُ بِالْيَمِينِ
( 45 ) бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем,
ثُمَّ لَقَطَعْنَا مِنْهُ الْوَتِينَ
( 46 ) сипас раги дилашро пора, мекардем
فَمَا مِنكُم مِّنْ أَحَدٍ عَنْهُ حَاجِزِينَ
( 47 ) ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки монеъ шавад.
وَإِنَّهُ لَتَذْكِرَةٌ لِّلْمُتَّقِينَ
( 48 ) Ва Қуръон барои парҳезгорон пандест.
وَإِنَّا لَنَعْلَمُ أَنَّ مِنكُم مُّكَذِّبِينَ
( 49 ) Мо медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки такзиб мекунанд, (дурӯғ мешумуранд).
وَإِنَّهُ لَحَسْرَةٌ عَلَى الْكَافِرِينَ
( 50 ) Ва Қуръон кофиронро мояи пушаймонӣ аст.
وَإِنَّهُ لَحَقُّ الْيَقِينِ
( 51 ) Ва он сухани ҳақ ва яқин аст.
فَسَبِّحْ بِاسْمِ رَبِّكَ الْعَظِيمِ
( 52 ) Пас ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ (бигӯй.