Тоҷикӣ
Surah Al-Waqi'ah ( The Event ) - Aya count 96
إِذَا وَقَعَتِ الْوَاقِعَةُ
( 1 ) Чун қиёмат воқеъ шавад,
لَيْسَ لِوَقْعَتِهَا كَاذِبَةٌ
( 2 ) ки дар воқеъ шуданаш ҳеҷ дурӯғ нест,
خَافِضَةٌ رَّافِعَةٌ
( 3 ) гурӯҳеро пасткунанда аст ва гурӯрҳеро баландкунанда.
إِذَا رُجَّتِ الْأَرْضُ رَجًّا
( 4 ) Он гоҳ, ки замин ба сахтӣ биларзад
وَبُسَّتِ الْجِبَالُ بَسًّا
( 5 ) ва кӯҳҳо ба тамом реза-реза шаванд
فَكَانَتْ هَبَاءً مُّنبَثًّا
( 6 ) ва чун ғуборе пароканда гарданд,
وَكُنتُمْ أَزْوَاجًا ثَلَاثَةً
( 7 ) шумо се гурӯҳ бошед:
فَأَصْحَابُ الْمَيْمَنَةِ مَا أَصْحَابُ الْمَيْمَنَةِ
( 8 ) яке аҳли саъодат. Аҳли саъодат чӣ ҳол доранд?
وَأَصْحَابُ الْمَشْأَمَةِ مَا أَصْحَابُ الْمَشْأَمَةِ
( 9 ) Дигар аҳли шақоват (бадбахт). Аҳли шақоват чӣ ҳол доранд?
وَالسَّابِقُونَ السَّابِقُونَ
( 10 ) Севумини онҳо, ки пешқадаму пешдаст буданд ва инак пеш раводанд (дар ҷаннат).
أُولَٰئِكَ الْمُقَرَّبُونَ
( 11 ) Инҳо муқаррабонанд (наздиккардашудагонанд)
فِي جَنَّاتِ النَّعِيمِ
( 12 ) дар биҳиштҳои пурнеъмат.
ثُلَّةٌ مِّنَ الْأَوَّلِينَ
( 13 ) Гурӯҳе аз пешиниён
وَقَلِيلٌ مِّنَ الْآخِرِينَ
( 14 ) ва андаке аз онҳо, ки аз пас омадаанд
عَلَىٰ سُرُرٍ مَّوْضُونَةٍ
( 15 ) бар тахтҳои мурассаъ (зарбофт)
مُّتَّكِئِينَ عَلَيْهَا مُتَقَابِلِينَ
( 16 ) рӯбарӯи ҳам бар онҳо такя задаанд.
يَطُوفُ عَلَيْهِمْ وِلْدَانٌ مُّخَلَّدُونَ
( 17 ) Писароне ҳамеша ҷавон гирдашон мечарханд
بِأَكْوَابٍ وَأَبَارِيقَ وَكَأْسٍ مِّن مَّعِينٍ
( 18 ) бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷӯйҳо ҷорист,
لَّا يُصَدَّعُونَ عَنْهَا وَلَا يُنزِفُونَ
( 19 ) аз нушиданаш на сардард гиранд ва на беҳуш шаванд.
وَفَاكِهَةٍ مِّمَّا يَتَخَيَّرُونَ
( 20 ) Ва меваҳое, ки худ интихоб мекунанд.
وَلَحْمِ طَيْرٍ مِّمَّا يَشْتَهُونَ
( 21 ) Ва гӯшти парранда, аз ҳар чӣ бихоҳанд,
وَحُورٌ عِينٌ
( 22 ) Ва ҳурони дуруштчашм
كَأَمْثَالِ اللُّؤْلُؤِ الْمَكْنُونِ
( 23 ) ҳамонанди марворидҳое дар садаф.
جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ
( 24 ) Ҳама ба мукофоти корҳое, ки мекардаанд.
لَا يَسْمَعُونَ فِيهَا لَغْوًا وَلَا تَأْثِيمًا
( 25 ) Дар он ҷо на сухани беҳуда шунаванд ва на гуноҳолуд
إِلَّا قِيلًا سَلَامًا سَلَامًا
( 26 ) ҷуз як сухан: «Салом, салом!»
وَأَصْحَابُ الْيَمِينِ مَا أَصْحَابُ الْيَمِينِ
( 27 ) Аммо аҳли саъодат, аҳли саъодат чӣ ҳол доранд?
فِي سِدْرٍ مَّخْضُودٍ
( 28 ) Дар зери дарахти сидри бехор
وَطَلْحٍ مَّنضُودٍ
( 29 ) ва дарахти музе (банан), ки мевааш бар якдигар чида шуда
وَظِلٍّ مَّمْدُودٍ
( 30 ) ва сояе доим
وَمَاءٍ مَّسْكُوبٍ
( 31 ) ва обе ҷорӣ
وَفَاكِهَةٍ كَثِيرَةٍ
( 32 ) ва мевае бисёр,
لَّا مَقْطُوعَةٍ وَلَا مَمْنُوعَةٍ
( 33 ) ки бепоён ва касро аз он бознадоранд.
وَفُرُشٍ مَّرْفُوعَةٍ
( 34 ) Ва фаршҳои баланд
إِنَّا أَنشَأْنَاهُنَّ إِنشَاءً
( 35 ) Он занонро Мо биёфаридем, офариданӣ
فَجَعَلْنَاهُنَّ أَبْكَارًا
( 36 ) ва душизагон сохтем.
عُرُبًا أَتْرَابًا
( 37 ) Маъшуқи ҳамсарони худанд,
لِّأَصْحَابِ الْيَمِينِ
( 38 ) барои аҳли саъодат,
ثُلَّةٌ مِّنَ الْأَوَّلِينَ
( 39 ) гурӯҳе аз пешиниён
وَثُلَّةٌ مِّنَ الْآخِرِينَ
( 40 ) ва гурӯҳе, ки аз пас омадаанд.
وَأَصْحَابُ الشِّمَالِ مَا أَصْحَابُ الشِّمَالِ
( 41 ) Аммо аҳли шақоват, аҳли шақоват (бадбахт) чӣ ҳол доранд?
فِي سَمُومٍ وَحَمِيمٍ
( 42 ) Дар боди гарм ва оби ҷӯшонанд
وَظِلٍّ مِّن يَحْمُومٍ
( 43 ) дар сояе аз дуди сиёҳ
لَّا بَارِدٍ وَلَا كَرِيمٍ
( 44 ) на сарду на хуш.
إِنَّهُمْ كَانُوا قَبْلَ ذَٰلِكَ مُتْرَفِينَ
( 45 ) "Инҳо пеш аз ин дар нозу неъмат буданд.
وَكَانُوا يُصِرُّونَ عَلَى الْحِنثِ الْعَظِيمِ
( 46 ) ва бар гуноҳони бузург исрор (давом) мекарданд
وَكَانُوا يَقُولُونَ أَئِذَا مِتْنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَامًا أَإِنَّا لَمَبْعُوثُونَ
( 47 ) ва мегуфтанд: «Оё замоне, ки мо мурдему хоку устухон шудем, боз ҳам моро зинда мекунанд
أَوَآبَاؤُنَا الْأَوَّلُونَ
( 48 ) ё ниёгони моро?»
قُلْ إِنَّ الْأَوَّلِينَ وَالْآخِرِينَ
( 49 ) Бигӯ: «Ҳамаро, онон, ки аз ин пеш буданд ва онҳо, ки аз паяшон омада буданд,
لَمَجْمُوعُونَ إِلَىٰ مِيقَاتِ يَوْمٍ مَّعْلُومٍ
( 50 ) ҳама дар ваъдагоҳи он рӯзи муъайян хоҳанд буд.
ثُمَّ إِنَّكُمْ أَيُّهَا الضَّالُّونَ الْمُكَذِّبُونَ
( 51 ) Он гоҳ шумо, эй гумроҳони дурӯғбароранда,
لَآكِلُونَ مِن شَجَرٍ مِّن زَقُّومٍ
( 52 ) аз дарахтони заққум хоҳед хурд
فَمَالِئُونَ مِنْهَا الْبُطُونَ
( 53 ) ва шикамҳои худро аз он пур хоҳед кард
فَشَارِبُونَ عَلَيْهِ مِنَ الْحَمِيمِ
( 54 ) ва бар болои он оби ҷӯшон хоҳед нушид,
فَشَارِبُونَ شُرْبَ الْهِيمِ
( 55 ) чунон менушед, ки шутури ташн, а об менӯшад.
هَٰذَا نُزُلُهُمْ يَوْمَ الدِّينِ
( 56 ) Ин аст меҳмондориашон дар рӯзи ҷазо.
نَحْنُ خَلَقْنَاكُمْ فَلَوْلَا تُصَدِّقُونَ
( 57 ) Мо шуморо офаридаем, пас чаро тасдиқ намекунед?
أَفَرَأَيْتُم مَّا تُمْنُونَ
( 58 ) Оё он маниро, ки мерезед, дидаед?
أَأَنتُمْ تَخْلُقُونَهُ أَمْ نَحْنُ الْخَالِقُونَ
( 59 ) Оё шумо ӯро меофаринед ё Мо офаринандаем?
نَحْنُ قَدَّرْنَا بَيْنَكُمُ الْمَوْتَ وَمَا نَحْنُ بِمَسْبُوقِينَ
( 60 ) Мо маргро бар шумо, муайян сохтем ва нотавон аз он нестом, ки
عَلَىٰ أَن نُّبَدِّلَ أَمْثَالَكُمْ وَنُنشِئَكُمْ فِي مَا لَا تَعْلَمُونَ
( 61 ) ба ҷои шумо қавме монанди шумо биёварем ва шуморо ба сурате, ки аз он бехабаред, аз нав биёфаринем.
وَلَقَدْ عَلِمْتُمُ النَّشْأَةَ الْأُولَىٰ فَلَوْلَا تَذَكَّرُونَ
( 62 ) Шумо ай офариниши нахуст огоҳед, чаро ба ёдаш наёваред?
أَفَرَأَيْتُم مَّا تَحْرُثُونَ
( 63 ) Оё чизеро, ки мекоред, дидаед?
أَأَنتُمْ تَزْرَعُونَهُ أَمْ نَحْنُ الزَّارِعُونَ
( 64 ) Оё шумо мерӯёнедаш ё Мо рӯёнандаем?
لَوْ نَشَاءُ لَجَعَلْنَاهُ حُطَامًا فَظَلْتُمْ تَفَكَّهُونَ
( 65 ) Агар мехостем, хошокаш месохтем, то дар ҳайрат бимонед.
إِنَّا لَمُغْرَمُونَ
( 66 ) Гӯянд: «Мо зиён кардагонем,
بَلْ نَحْنُ مَحْرُومُونَ
( 67 ) мо бенасиб мондагонем».
أَفَرَأَيْتُمُ الْمَاءَ الَّذِي تَشْرَبُونَ
( 68 ) Оё оберо, ки менӯшед, дидаед?
أَأَنتُمْ أَنزَلْتُمُوهُ مِنَ الْمُزْنِ أَمْ نَحْنُ الْمُنزِلُونَ
( 69 ) Оё шумо онро аз абр фурӯд меоред ё Мо фурӯд орандагонем?.
لَوْ نَشَاءُ جَعَلْنَاهُ أُجَاجًا فَلَوْلَا تَشْكُرُونَ
( 70 ) Агар мехостем онро талх мегардонидем. Пас чаро шукр намегӯед?
أَفَرَأَيْتُمُ النَّارَ الَّتِي تُورُونَ
( 71 ) Оё он оташро, ки меафрузед дидаед?
أَأَنتُمْ أَنشَأْتُمْ شَجَرَتَهَا أَمْ نَحْنُ الْمُنشِئُونَ
( 72 ) Оё дарахташро шумо офаридаед ё Мо офаринандаем?
نَحْنُ جَعَلْنَاهَا تَذْكِرَةً وَمَتَاعًا لِّلْمُقْوِينَ
( 73 ) Мо онро хушдоре (аз дӯзах) ва барои мусофирони роҳнавард матоъе сохтем.
فَسَبِّحْ بِاسْمِ رَبِّكَ الْعَظِيمِ
( 74 ) Ба номи Парвардигори бузурги худ тасбеҳ гӯй!
فَلَا أُقْسِمُ بِمَوَاقِعِ النُّجُومِ
( 75 ) Пас савганд ба ғурубгоҳи ситорагон!
وَإِنَّهُ لَقَسَمٌ لَّوْ تَعْلَمُونَ عَظِيمٌ
( 76 ) Ва ин савгандест, — агар бидонед, — бузург.
إِنَّهُ لَقُرْآنٌ كَرِيمٌ
( 77 ) Албатта ин Қуръонест гиромиқадр
فِي كِتَابٍ مَّكْنُونٍ
( 78 ) дар китобе макнун,
لَّا يَمَسُّهُ إِلَّا الْمُطَهَّرُونَ
( 79 ) ки ҷуз покон даст бар он назананд.
تَنزِيلٌ مِّن رَّبِّ الْعَالَمِينَ
( 80 ) Нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.
أَفَبِهَٰذَا الْحَدِيثِ أَنتُم مُّدْهِنُونَ
( 81 ) Оё ин суханро дурӯғ меҳисобед?
وَتَجْعَلُونَ رِزْقَكُمْ أَنَّكُمْ تُكَذِّبُونَ
( 82 ) Ва насиби худро дар дурӯғ ҳисобидани он қарор медиҳед?
فَلَوْلَا إِذَا بَلَغَتِ الْحُلْقُومَ
( 83 ) Пас чаро он гоҳ ки ҷон ба гулӯ расад
وَأَنتُمْ حِينَئِذٍ تَنظُرُونَ
( 84 ) ва шумо дар ин ҳангом менигаред?
وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنكُمْ وَلَٰكِن لَّا تُبْصِرُونَ
( 85 ) Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале шумо намебинед.
فَلَوْلَا إِن كُنتُمْ غَيْرَ مَدِينِينَ
( 86 ) Агар қиёматро бовар надоред,
تَرْجِعُونَهَا إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ
( 87 ) агар рост мегӯед, бозаш гардонед! (рӯҳро бар ҷасад)
فَأَمَّا إِن كَانَ مِنَ الْمُقَرَّبِينَ
( 88 ) Аммо агар аз муқаррабон (наздикшудагон) бошад.
فَرَوْحٌ وَرَيْحَانٌ وَجَنَّتُ نَعِيمٍ
( 89 ) барои ӯст осоишу рӯзӣ ва биҳишти пурнеъмат.
وَأَمَّا إِن كَانَ مِنْ أَصْحَابِ الْيَمِينِ
( 90 ) Ва аммо агар аз аҳли саъодат бошад,
فَسَلَامٌ لَّكَ مِنْ أَصْحَابِ الْيَمِينِ
( 91 ) пас туро аз аҳли саъодат салом аст.
وَأَمَّا إِن كَانَ مِنَ الْمُكَذِّبِينَ الضَّالِّينَ
( 92 ) Ва аммо агар, аз такзибкунандагони (дурӯғ барорандагони) гумроҳ бошад,
فَنُزُلٌ مِّنْ حَمِيمٍ
( 93 ) ба оби ҷӯшон меҳмонаш кунанд
وَتَصْلِيَةُ جَحِيمٍ
( 94 ) ва ба дӯзахаш дароваранд.
إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ حَقُّ الْيَقِينِ
( 95 ) Ин сухан сухане росту яқин аст!
فَسَبِّحْ بِاسْمِ رَبِّكَ الْعَظِيمِ
( 96 ) Пас ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯй!