Тоҷикӣ
Surah Ad-Dukhan ( The Smoke ) - Aya count 59
حم
( 1 ) Ҳо, мим.
وَالْكِتَابِ الْمُبِينِ
( 2 ) Савганд ба ин китоби равшангар!
إِنَّا أَنزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةٍ مُّبَارَكَةٍ ۚ إِنَّا كُنَّا مُنذِرِينَ
( 3 ) Мо онро дар шаби мубораке нозил кардем. Мо бимдиҳанда будаем.
فِيهَا يُفْرَقُ كُلُّ أَمْرٍ حَكِيمٍ
( 4 ) Дар он шаб ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад,
أَمْرًا مِّنْ عِندِنَا ۚ إِنَّا كُنَّا مُرْسِلِينَ
( 5 ) фармоне аз ҷониби Мо. Ва фиристандаи он будаем.
رَحْمَةً مِّن رَّبِّكَ ۚ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ
( 6 ) Раҳматест аз ҷониби Парвардигорат ва албатта Ӯст шунавову доно.
رَبِّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَمَا بَيْنَهُمَا ۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ
( 7 ) Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни ин ду аст, агар шумо яқинкунандаед.
لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ يُحْيِي وَيُمِيتُ ۖ رَبُّكُمْ وَرَبُّ آبَائِكُمُ الْأَوَّلِينَ
( 8 ) Нест Худое ғайри Ӯ. Зннда мекунаду мемиронад. Парвардигори шумову Парвардигори падарони пешини шумост.
بَلْ هُمْ فِي شَكٍّ يَلْعَبُونَ
( 9 ) На, онҳо ҳамчунон ба шакки худ дилхушанд!
فَارْتَقِبْ يَوْمَ تَأْتِي السَّمَاءُ بِدُخَانٍ مُّبِينٍ
( 10 ) Пас мунтазири рӯзе бош, ки осмон ба ошкоро дуд биёварад.
يَغْشَى النَّاسَ ۖ هَٰذَا عَذَابٌ أَلِيمٌ
( 11 ) Ва он дуд ҳамаи мардумро дар худ фурӯ гирад. Ва ин азобест дардовар.
رَّبَّنَا اكْشِفْ عَنَّا الْعَذَابَ إِنَّا مُؤْمِنُونَ
( 12 ) «Эй Парвардигори мо, ин азобро аз мо дур гардон, ки мо имон овардаем».
أَنَّىٰ لَهُمُ الذِّكْرَىٰ وَقَدْ جَاءَهُمْ رَسُولٌ مُّبِينٌ
( 13 ) Куҷо панд мегиранд? Ҳол он ки чун паёмбари равшангар бар онҳо фиристода шуд,
ثُمَّ تَوَلَّوْا عَنْهُ وَقَالُوا مُعَلَّمٌ مَّجْنُونٌ
( 14 ) аз ӯ рӯйгардон шуданд ва гуфтанд: «Девонаест таълимёфта!»
إِنَّا كَاشِفُو الْعَذَابِ قَلِيلًا ۚ إِنَّكُمْ عَائِدُونَ
( 15 ) Азобро андаке бармедорем ва шумо боз ба дини худ бозмегардед.
يَوْمَ نَبْطِشُ الْبَطْشَةَ الْكُبْرَىٰ إِنَّا مُنتَقِمُونَ
( 16 ) Рӯзе онҳоро ба савлате (ҳамлае) сахт фурӯ гирем, ки Мо интиқомгирандаем!
وَلَقَدْ فَتَنَّا قَبْلَهُمْ قَوْمَ فِرْعَوْنَ وَجَاءَهُمْ رَسُولٌ كَرِيمٌ
( 17 ) Пеш аз онҳо қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбаре бузургвор наздашон омад,
أَنْ أَدُّوا إِلَيَّ عِبَادَ اللَّهِ ۖ إِنِّي لَكُمْ رَسُولٌ أَمِينٌ
( 18 ) «ки бандагони Худоро ба ман таслим кунед, ки ман паёмбаре аминам.
وَأَن لَّا تَعْلُوا عَلَى اللَّهِ ۖ إِنِّي آتِيكُم بِسُلْطَانٍ مُّبِينٍ
( 19 ) Ва низ бар Худо саркашӣ макунед, ки ман бо ҳуҷҷате равшан назди шумо омадаам.
وَإِنِّي عُذْتُ بِرَبِّي وَرَبِّكُمْ أَن تَرْجُمُونِ
( 20 ) Ва агар бихоҳед бар ман санг бизанед, ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам,
وَإِن لَّمْ تُؤْمِنُوا لِي فَاعْتَزِلُونِ
( 21 ) ва агар ба ман имон намеоварад, аз ман канор гиред».
فَدَعَا رَبَّهُ أَنَّ هَٰؤُلَاءِ قَوْمٌ مُّجْرِمُونَ
( 22 ) Пас Парвардигорашро дуо кард, ки инҳо мардуме муҷриманд (гунаҳгоранд).
فَأَسْرِ بِعِبَادِي لَيْلًا إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ
( 23 ) Бандагони Маро шабҳангом равона кун, то аз паи шумо биёянд.
وَاتْرُكِ الْبَحْرَ رَهْوًا ۖ إِنَّهُمْ جُندٌ مُّغْرَقُونَ
( 24 ) Дарёро ором пушти сар гузор, ки он лашкар ғарқшудагонанд.
كَمْ تَرَكُوا مِن جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ
( 25 ) Баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд
وَزُرُوعٍ وَمَقَامٍ كَرِيمٍ
( 26 ) ва киштзорҳову хонаҳои некӯ
وَنَعْمَةٍ كَانُوا فِيهَا فَاكِهِينَ
( 27 ) ва неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд.
كَذَٰلِكَ ۖ وَأَوْرَثْنَاهَا قَوْمًا آخَرِينَ
( 28 ) Ҳамчунин шуд ва Мо он неъматҳоро ба мардуме дигар мерос гузоштем.
فَمَا بَكَتْ عَلَيْهِمُ السَّمَاءُ وَالْأَرْضُ وَمَا كَانُوا مُنظَرِينَ
( 29 ) На осмон бар онҳо гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд.
وَلَقَدْ نَجَّيْنَا بَنِي إِسْرَائِيلَ مِنَ الْعَذَابِ الْمُهِينِ
( 30 ) Ва мо банӣ-Исроилро аз он азоби хоркунанда халос кардем.
مِن فِرْعَوْنَ ۚ إِنَّهُ كَانَ عَالِيًا مِّنَ الْمُسْرِفِينَ
( 31 ) аз азоби Фиръавни саркаши аз ҳад гузаранда
وَلَقَدِ اخْتَرْنَاهُمْ عَلَىٰ عِلْمٍ عَلَى الْعَالَمِينَ
( 32 ) ва аз рӯи илм бар аҳли ҷаҳонашон баргузидем.
وَآتَيْنَاهُم مِّنَ الْآيَاتِ مَا فِيهِ بَلَاءٌ مُّبِينٌ
( 33 ) Ва оёте ба онҳо ато кардем, ки дар он имтиҳоне ошкор буд.
إِنَّ هَٰؤُلَاءِ لَيَقُولُونَ
( 34 ) Албатта инҳо мегӯянд:
إِنْ هِيَ إِلَّا مَوْتَتُنَا الْأُولَىٰ وَمَا نَحْنُ بِمُنشَرِينَ
( 35 ) «Поёни кор ҷуз ҳамин марги нахустин нест ва мо дигар бор зинда намешавем.
فَأْتُوا بِآبَائِنَا إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ
( 36 ) Ва агар рост мегӯед, падарони моро ба ҷаҳон бозоваред».
أَهُمْ خَيْرٌ أَمْ قَوْمُ تُبَّعٍ وَالَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ ۚ أَهْلَكْنَاهُمْ ۖ إِنَّهُمْ كَانُوا مُجْرِمِينَ
( 37 ) Оё инҳо беҳтаранд ё қавми Туббаъ ва касоне, ки пеш аз он қавм буданд? Ҳамаро ҳалок кардем, ки муҷримон (гунаҳгорон) буданд.
وَمَا خَلَقْنَا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا لَاعِبِينَ
( 38 ) Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозича наёфаридаем.
مَا خَلَقْنَاهُمَا إِلَّا بِالْحَقِّ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
( 39 ) Онҳоро ба ҳақ офаридаем, вале бештарин намедонанд.
إِنَّ يَوْمَ الْفَصْلِ مِيقَاتُهُمْ أَجْمَعِينَ
( 40 ) Ваъдагоҳи ҳама дар рӯзи доварӣ қиёмат аст.
يَوْمَ لَا يُغْنِي مَوْلًى عَن مَّوْلًى شَيْئًا وَلَا هُمْ يُنصَرُونَ
( 41 ) Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте аз дӯсти худ чизеро дафъ накунад ва аз сӯи касе ёрӣ нашавад,
إِلَّا مَن رَّحِمَ اللَّهُ ۚ إِنَّهُ هُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ
( 42 ) ғайри касе, ки Худо бар ӯ бубахшояд, зеро Ӯст ғолибу меҳрубон.
إِنَّ شَجَرَتَ الزَّقُّومِ
( 43 ) Ҳар оина (Албатта) дарахти зуккум
طَعَامُ الْأَثِيمِ
( 44 ) таъоми гуноҳкорон аст.
كَالْمُهْلِ يَغْلِي فِي الْبُطُونِ
( 45 ) Монанди миси гудохта дар шикамҳо меҷушад.
كَغَلْيِ الْحَمِيمِ
( 46 ) Монанди ҷӯшидани оби ҷӯшон.
خُذُوهُ فَاعْتِلُوهُ إِلَىٰ سَوَاءِ الْجَحِيمِ
( 47 ) Бигиредаш ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед
ثُمَّ صُبُّوا فَوْقَ رَأْسِهِ مِنْ عَذَابِ الْحَمِيمِ
( 48 ) ва бар сараш оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад.
ذُقْ إِنَّكَ أَنتَ الْعَزِيزُ الْكَرِيمُ
( 49 ) Бичаш, ки ту ғолибу бузуррворӣ!
إِنَّ هَٰذَا مَا كُنتُم بِهِ تَمْتَرُونَ
( 50 ) Ин ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед.
إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي مَقَامٍ أَمِينٍ
( 51 ) Парҳезкорон дар ҷои амне ҳастанд,
فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ
( 52 ) дар боғҳову чашмасорҳо
يَلْبَسُونَ مِن سُندُسٍ وَإِسْتَبْرَقٍ مُّتَقَابِلِينَ
( 53 ) либосҳое аз сундусу истабрақ мепушанд ва рӯбарӯи ҳам мешинанд.
كَذَٰلِكَ وَزَوَّجْنَاهُم بِحُورٍ عِينٍ
( 54 ) Ҳамчунин ҳурулъайнро (ҳурони фарохчашм) ба ҳамсарияшон дароварем.
يَدْعُونَ فِيهَا بِكُلِّ فَاكِهَةٍ آمِنِينَ
( 55 ) Дар осоиштагӣ ҳар меваеро, ки бихоҳанд, металабанд.
لَا يَذُوقُونَ فِيهَا الْمَوْتَ إِلَّا الْمَوْتَةَ الْأُولَىٰ ۖ وَوَقَاهُمْ عَذَابَ الْجَحِيمِ
( 56 ) Дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги аввалин. Ва онҳоро Худо аз азоби ҷаҳаннам нигоҳ доштааст.
فَضْلًا مِّن رَّبِّكَ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
( 57 ) Ин бахшишест аз ҷониби Парвардигорат ва ин пирӯзии бузургест!
فَإِنَّمَا يَسَّرْنَاهُ بِلِسَانِكَ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
( 58 ) Мо адои сухани худ бар забони ту осон кардем, бошад, ки панд гиранд!
فَارْتَقِبْ إِنَّهُم مُّرْتَقِبُونَ
( 59 ) Ту мунтазир бош, ки онҳо низ мунтазиранд.